Телефон - 511
2215605

ГОСУДАРСТВЕННОЕ УЧРЕЖДЕНИЕ "ТАДЖИКСКИЙ НАУЧНО- ИССЛЕДОВАТЕЛЬСКИЙ ИНСТИТУТ ПРОФИЛАКТИЧЕСКОЙ МЕДИЦИНЫ"

Таърихи Пажухишгох


ПАЖУҲИШГОҲИ ТИББИ ПРОФИЛАКТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ

   Тибби тоҷикон таърихи зиёда аз ҳазорсола дорад. Хазинаи илми тибби ҷаҳониро асарҳои олимон – табибони шӯҳратёри форсу тоҷик, ки назирашон дар дунё хеле кам аст, ѓанӣ гардонидаанд. Саҳми ин нобиѓаҳо дар гузошти пойдевори соҳаҳои мухталифи илми тиб хеле назаррас, аз он ҷумла барои рушди илми тибби профилактикӣ беназир аст.

 Пас аз тӯли қарнҳо, соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ хеле рушд кард ва маҳз масоили вобаста ба илми тибби профилактикӣ хеле муҳим арзёбӣ карда мешавад.

 Таърихи институт фаъолияти ду муассисаи илмии ҷумҳурӣ - Институти тропикӣ (Тропин) ва Институти санитарӣ-бактериологӣ (Санбакинститут) -ро дар бар мегирад.

 Соли 1931 бо фармони Наркомздрави Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистони таҳти №25 аз 07.02.1931 Институти тропикӣ ташкил карда шуд. Аввалин директори ин муассисаи илмӣ М.Н.Кешишьян маҳсуб мешавад.

 Он солҳо дар пеши кормандони институт масъалаҳои басо муҳим меистоданд. Зеро ҷумҳурии ҷавонро эпидемияи вараҷа, домана, инчунин бемории наѓзак (оспа), ки аз хориҷа оварда мешуд, фаро гирифта буд. Ҳамзамон хурӯҷи дигар бемориҳои паразитарӣ, ришта, лейшманиоз, бемориҳои шадиди рӯдаҳо ва ѓайра, ки боиси фавтияти зиёди аҳолӣ мегардид. Лекин бадбахтии асосӣ ин вараҷа буд.

 Соли 1932 дар заминаи ягона лабораторияи санитарӣ-бактериологии ҷумҳурӣ Институти санитарӣ-бактериологӣ таъсис дода шуд. Аввалин директори он духтур Козловский буд. Соли 1933 ӯро А.И.Болшемянников иваз кард.

 Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз солҳои 30-ум  мунтазам  сар шуданд. Аз соли 1935 кормандони донишгоҳи тропикӣ ва донишгоҳи санитарӣ-бактериологӣ ба омӯзиши вараҷа, бемориҳои сироятӣ, канаҳои спирохетоз, лейшманиоз, лихорадкаи Папатачи, гелминтозҳо, бруселлёз сар кардан ва чорабиниҳо коркард намуда, коркардҳо ва чорабиниҳои амалӣ оид ба ин бемориҳо нисбати пешгирии онҳо оѓоз карданд.

 Дар ташхисгоҳҳои пажӯҳишгоҳ қарибии 17 намудҳои доруҳои бактерияҳо  истеҳсол кардас шуданд.  Истеҳсол ва воридкунии ваксинаҳои: БСЖ, ваксинаи сипнотифозӣ, анатоксини зидди кузоз, бактериофаги дизентерия.

 Дар солҳои баъди ҷанги Ватании солҳои 1941-1945, ҷидду ҷаҳди  кормандони пажӯҳишгоҳ ба омӯзиши эпидемиология ва пешгирии гулузиндонак (дифтерия), дизентерия, риккетсиозҳо, фалаҷ, амбёбиоз, равона карда шуданд. Диққати зиёд ба бемориҳои протозойҳо ва кирмон (глистҳо) ҷудо карда шуданд.

 Меҳнати фидокоронаи кормандони  Пажӯҳишгоҳ – И.В. Новохатний, А.Н. Болшемянников, М.Н. Кешишьиян, А.Н. Шуренкова, В.А. Серебрякова, В.К. Житомирский, Л.Л. Коретская, Р.М. Чернявская, А.Г. Раппопорт, М.М. Мителман, А.А. Калнинг, С.М. Островская, Ф.С. Писаренко, Б.Н. Казантсева, Д.М. Хошимов, Левинсон, Гордова, С.А. Алф, А.В. Ясинский, Литвиненко, Е.В. Словохотов, П.Я. Левиев, Пугач, Е.С. Калмикова, А.И. Кирянов, П.В. Задворняк ва дигарон буданд, ки тавассути тадқиқотҳои илмӣ ва гузаронидани чораҳои профилактикӣ то ҳадди имкон тавонистанд оқибатҳои хавфовари бемориҳои сироятиро  бартараф намоянд.

 Соли 1955 Институти эпидемиологӣ ва гигиении Сталинобод дар заминаи якҷояшавии институти тропикӣ ва институти санитарӣ-бактериологӣ ташкил карда шуд, ки яке аз марказҳои тиббии калонтарини  ҷумҳурӣ, ягона дар Тоҷикистон муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ доир ба ҳалли масъалаҳои тибби профилактикӣ ба шумор мерафт.

 Роҳбарии (ташкилкунандаи он) институт ба зиммаи яке аз асосгузорони соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон, олими намоёни тоҷик профессор М.Я. Расулӣ вогузор карда шуд, ки тӯли солҳои бисёр (1955-1971) барои пешрафти тибби профилактикии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштааст.

 Соли 1976 Институти эпидемиология ва гигиенаи Душанбе ба Институти тадқиқотии эпидемиология ва гигиенаи Тоҷикистон табдили ном кард. Олимони зерин Институтро дар ин муддат роҳбарӣ намуданд: И.С. Сатторов (1971-1982), Т.М. Тухтаев (1982-1986), М.И. Орзуев (1986-1993).

 Фаъолияти Пажӯҳишгоҳ дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Солҳои фоҷиабори 90-уми қарни 20-ум бинобар сабаби пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ба фаъолияти Пажӯҳишгоҳ таъсири худро низ расонд.

 Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №148 “Дар бораи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” номи Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон”-ро гирифт.

 Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон” ягона муассисаи илмӣ дар соҳаи амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 Дар ин давраи бисёр ҳам мушкили авзои сиёсию иқтисодии кишвар вазифаи директори Пажӯҳишгоҳро узви хориҷии Академияи илмҳои тибби Россия, доктори илмҳои тиб, профессор Одинаев Фарҳод Исматуллоевич (тӯли солҳои 1993-2008) ба дӯш дошт, ки баҳри нигоҳ доштани ҳайати кормандон ва идомаи фаъолияти Пажӯҳишгоҳ саривақт чораҳои зарурӣ андешида шуд. Доир ба хусусиятҳои эпидемиологӣ, клиникӣ ва патогенезу ҷараёни бемории дилу рагҳо, бронху шуш ва масоили ҳифзи тандурустии ҷамъиятӣ тадқиқот бурдааст. Дар ин муддат аз ҷониби олимони Пажӯҳишгоҳ 34 шаҳодатномаҳои ҳуқуқи муаллиф, зиёда аз 300 дастуру тавсия таҳия ва дар амал татбиқ карда шуданд. Дар ин айём ба тобеияти Пажӯҳишгоҳ инчунин клиникаи бемориҳои касбӣ дода шуд.

 Таҳти роҳбарии Фарҳод Исматуллоевич 8 рисолаи докторӣ ва 55 – номзадӣ дифоъ карда шудаанд, ки аз ташкили мактаби илмии ин олими пурсамар гувоҳӣ медиҳад.

 Солҳои 2008-2014 доктори илмҳои тиб, профессор Сатторов Саидбег  ба ҳайси директори Пажӯҳишгоҳ фаъолият намудааст. Дар ин давра дар Пажӯҳишгоҳ доир ба масъалаҳои вобаста ба бемории домана, сӯхтанӣ, хеликобактериозҳо ва бемориҳои стафилококкӣ тадқиқот бурда шудааст.

 Аз соли 2014 то моҳи майи соли 2020 дар вазифаи директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон” доктори илмҳои тиб Алиев Самариддин Партоевич фаъолият намудааст.

 Дар ин давра натиҷаҳои зиёди илмӣ оид ба пешгӯии масъалаҳои вобаста ба саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ѓайрисироятӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва маълумотҳои асосӣ оид ба чорабиниҳои босамари профилактикӣ дар байни аҳолии кишвар баррасӣ шуданд.

 Дар доираи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» Конфронси байналмилалии бахшида ба 85-солагии ташкилёбии Пажӯҳишгоҳ барпо карда шуд, ки дар он дастовардҳои марҳалаи аввали татбиқи ин Барнома муаррифӣ шуданд.

 Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон” 27 ноябри соли 2018 аз аккредитатсияи давлатӣ гузашт.

 Дар ин давра нахустин бор дар собиқаи беш аз 85 – солаи Пажӯҳишгоҳ нашрияи даврии илмӣ – маҷаллаи илмӣ - тиббии Авруосиё “Сино” созмон дода шуд. Маҷалларо ҳамчун эҳтиром ба поягузори тибби аҷдодиямон “Сино” номгузорӣ карда шуд.

 Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон дар мубориза бо паҳншавии сирояти нави коронавируси COVID-19 нақши бузург бозид.

 Бояд зикр намуд, маҳз дар ин давра дар Пажӯҳишгоҳ доир ба яке аз масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 тадқиқот оѓоз шуда, ҷанбаҳои гуногуни он мавриди омӯзиши олимони ин муасссисаи илмӣ-тадқиқотӣ қарор гирифтанд.

 Саҳми олимони Пажӯҳишгоҳ дар рушди тибби профилактикии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ арзанда арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла профессорон Одинаев Ф.И., Сатторов С.С., Тишкова Ф.Х., докторони илм Бобоев И.И., Ѓоибов А.Ѓ., номзадони илм Сатторова М.Х., Фатхутдинова М., Хуҷагелдиева З.У., Бобоева Б.Р. ва ѓайра.

 Дар Пажӯҳишгоҳ мутахассиси варзидаи соҳаи вирусология мудири лабораторияи вирусологӣ, доктори илмҳои биологӣ, профессор Тишкова Фарида Хаматгалиевна фаъолият менамояд.

 Фарида Хаматгалиевна зиёда аз 200 таълифоти илмӣ дар маҷаллаҳо ва маҷмӯаҳои гуногун дорад. Таҳти роҳбарии ӯ 2 доктор ва 10 номзади илм рисолаҳои илмиашонро дифоъ кардаанд.

 Моҳи сентябри соли 2020 директори Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон” доктори илмҳои тиб Рузиев Муродалӣ Меҳмондустович таъин карда шуд.

 Дар ин давра олимони Пажӯҳишгоҳ тибқи нақшаи илмӣ-тадқиқотӣ ва иҷроиши муқаррароти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба вазъи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла дар самти муқовимат бо авҷи дуюми пандемияи COVID-19 ва пайомадҳои он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои беҳдоштии санитарию эпидемиологиро дар байни аҳолии кишварамон тақвият бахшида, вобаста ба самтҳои мухталифи ин бемории сироятӣ фаъолияти босамари илмӣ-тадқиқотиро роҳандозӣ намуда истодаанд.

 Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шуд.

 Заминаи моддию техникии Пажӯҳишгоҳ

 Дар Пажӯҳишгоҳ 6 шуъбаю 8 озмоишгоҳҳо фаъолият доранд: шуъбаҳои гигиенаи ҳифзи меҳнат; эпидемиологӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ; эпидемиологӣ ва пешгирии бемориҳои ѓайрисироятӣ; таҳлили сиёсати тандурустӣ; аспирантура ва ординатура; ахбороти илмӣ; озмоишгоҳҳои вирусологӣ; зуком; гигиена ва ѓизо; бактериологӣ; паразитологӣ; урогениталӣ; иммунологӣ; биохимиявӣ, инчунин вивария мавҷуд аст.

 Нерӯи кадрии Пажӯҳишгоҳ

 Дар Пажӯҳишгоҳ барои татбиқи корҳои илмию-тадқиқотӣ 65 нафар (53 – корманди асосӣ ва 12 – ҳамкор) кормандони илм, аз он ҷумла: 1 нафар узви хориҷии Академияи илмҳои Россия, 7 нафар профессор ва доктори илмҳои тиб, 9 нафар номзади илмҳои тиб ва 48 нафар кормандони хурди илмӣ кор ва фаъолият менамоянд, ки баҳри рушди илми тиб ва тандурустии кишварамон саҳми босазо мегузоранд.

 Самтҳои асосии фаъолияти илмии Пажӯҳишгоҳ

 Самтҳои асосии таҳқиқоти илмии олимони Пажӯҳишгоҳ чунин аст: мониторинг ва пешгӯи мақсадҳо оид ба мушкилоти асосии саломатии аҳолӣ; мониторинг ва арзёбии пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; омӯзиши хусусиятҳои минтақавии ҷанбаҳои гуногуни саломатӣ ва фавти аҳолӣ; назорати эпизоотологӣ – эпидемиологии брутселлёз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; назорати эпидемиологии ҳолати сироятшавӣ ба ВНМО; зуком ва сироятҳои шадиди роҳҳои нафас; мониторинги маҷмӯии ҷойгиршавии манбаҳои табии сироятҳои арбовирусӣ; омӯзиши генотипҳои вируси табларзаи хунини Конго-Қримӣ; мониторинги зардпарвинҳои вирусӣ ва бемориҳои сироятии ротавирусӣ; мониторинг оид ба элиминатсияи сурхча ва сурхакон (гулафшон) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; мониторинги бемории доманава паразитарӣ; сироятҳои ба воситаи об гузаранда дар минтақаҳои Тоҷикистон ва ѓайра.

 Омода намудани кадрҳои илмӣ ва тахассусии озмоишгоҳҳо дар Пажӯҳишгоҳ

 Саҳми Пажӯҳишгоҳ дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ хеле назаррас аст. Баҳри иҷроиши «Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020» фаъолияти худро пурзӯр намуда, тӯли ин муддат 18 нафар олимон сазовори дараҷаи илмии доктор ва номзади илмҳои тиб гардиданд. Ҳамзамон 52 нафар ба ҳайси аспирант, унвонҷӯи номзади илм ва докторант кору таҳсил намуданд.

 Айни замон дар Пажӯҳишгоҳ 15 нафар унвонҷӯи номзади илмҳои тиб, 2 нафар докторанти ѓоибона бо низоми маъмулӣ ва 2 нафар аспирант бо низоми PhD таҳсил менамоянд. Дар 5 соли охир дар Шӯрои олимон 28 нафар мавзӯҳои илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии номзадӣ ва 7 нафар – барои дарёфти дараҷаи илмии докторӣ тасдиқ намуданд. Дар ин муддат 8 нафар ба дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб ва 4 нафар – доктори илмҳои тиб мушарраф гардиданд.

 Аз соли 2016 дар Пажӯҳишгоҳ тибқи шартнома курсҳои такмили ихтисос ба роҳ монда шудааст: эпидемиология барои кормандони соҳаи тибби профилактикӣ; асосҳои бехатарии биологӣ, тандурустии ҷамъиятӣ ва нигаҳдории тандурустӣ; гигиенаи умумӣ ва экология; ташхиси иммуноферментӣ (ИФА), занҷираи реаксияи полимеразӣ (ПЦР), микробиологӣ-бактериологӣ ва биохимиявӣ.

 Дар тӯли ин муддат 180 нафар таълим гирифтанд: 30 нафар оид ба бактериология, 100 нафар – эпидемиология, 20 нафар – таҳлили иммуноферментӣ (ИФА), 30 нафар – ташхиси таъҷилии гепатитҳо ва ВНМО.

 Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд, аз ҷумла бо коршиносони ТУТ, USAID (ABT), CDC баҳри такмили системаи бехатарии биологӣ ва амнияти биологӣ 290 нафар мутахассисони сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 12 нафар аз намояндаҳои Вазорати тандурустии Давлати Исломии Афѓонистон курсҳои такмили ихтисосро хатм намудааст.

 Дар маҷмӯъ дар доираи ин тренингҳо 1292 нафар мутахассисон аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон таълим гирифтанд, аз ҷумла: аз НТҶ – 505 нафар; аз вилояти Суғд – 172 нафар ва аз вилояти Хатлон – 615 нафар.

 Айни замон дар ҷумҳурӣ 11 озмоишгоҳи усули занҷираи реаксияи полимеразӣ (яъне ПЦР) мавҷуд аст: дар Душанбе – 6, дар вилояти Суғд – 2, дар вилояти Хатлон – 2, дар ВМКБ – 1. Дар ояндаи наздик дар ноҳияҳои Қабодиён ва Данғара боз 2 озмоишгоҳи муосири занҷираи реаксия полимеразӣ таъсис дода мешаванд.

 Пажӯҳишгоҳ ба ташкилотҳои гуногуни байналхалқӣ, донишгоҳҳои имлӣ дар самти тандурустӣ ҳамкории гуногунҷанбаро ба роҳ мондааст. Дар ин муддат дар Пажӯҳишгоҳ барои омӯзиши хусусиятҳои бемориҳои хоси манбаи табиидоштаи Тоҷикистон 7 нафар аспирантони хориҷӣ: 2 нафар аз – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 1 – аз Британияи Кабир, 1 – аз Норвегия, 1 – аз Шветсия, 1 – аз Шотландия ва 1 нафар аз Швейтсария таҷрибаомӯзӣ намуданд.

 Фаъолияти табъу нашр

 Яке аз муҳимтарин самти фаъолияти кормандони Пажӯҳишгоҳ ин таълифи натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба шумор меравад. Зеро таълифоти ѓании илмии олимони Пажӯҳишгоҳ гуногунҷабҳа буда, инъикосгар ва баёнгари рисолати ин муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Олимони Пажӯҳишгоҳ дар ин муддат 215 мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои ватанию хориҷӣ; 70 – монографияҳо, китобҳои дарсӣ, 220 – дастурамалҳо ва воситаҳои таълимӣ; 230 – мақолаҳо ҳамчун маводи конфронс / маҷмӯаҳо ва зиёда аз 30 – мақолаҳои илмӣ-оммавие, ки дар рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои даврии ҶТ интишор намуданд.

  Маҷаллаи илмӣ-тиббии АвруОсиё «Сино» дар заминаи МД “Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон” ба гирифтани ISSN (International Standard Serial Number) рақами байналмилалии стандартӣ муваффақ шуд. Шумораи 1 маҷалла аз чоп баромад. Дар шумори мазкур наздики 20 мақолаҳои олимони ҶТ, Украина, Россия, Қазоқистон, Озарбоҷон ва Олмон интишор гардиданд.

 Кормандони Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон дар давоми даҳсолаи охир дар зиёда аз 80 конфронсҳои минтақавӣ, байналмилалӣ, илмию тадқиқотӣ, илмию амалӣ, семинарҳо, курсҳои омӯзишӣ, мизҳои мудаввар дар Федератсияи Россия, Дания, Швейтсария, Фаронса, Англия, Литва, Туркия, Непал, Узбекистон, Гурҷистон, Қирѓизистон, Қазоқистон ва ғайра бо дастгирии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ЮСАИД, ЮНИСЕФ, Бонки умумиҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд иштирок ва баромад карданд. 

 Дастовардҳои муҳими Пажӯҳишгоҳ

 Дар тӯли солҳои мавҷудияти худ Пажӯҳишгоҳ фаъолияти илмиро мутобиқи ҳадафҳои оинномавии худ ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

 Дар лабораторияи сироятҳои арбовирус мониторинги таби геморрагии Крим-Конго (ТГКК) ва дигар сироятҳои арбовирус гузаронида мешавад.

 Дар натиҷа садҳо штаммҳои вирусҳои ТГКК, даҳҳо штаммҳои вирусҳои Иссиқкӯл, Нили Ғарбӣ, Тягиня, Вад-Медани, Гарм ва Ҳисор ҷудо карданд. Аз ин шумор, ҳафт штамми вируси ТГКК ва як штамми вирусҳои Иссиқкӯл, Нили Ғарбӣ, Тягин дар Маҷмӯаи вирусҳои давлатии В.И. Ивановский Д.И. дарҷ карда шуд. Штаммҳои вирусҳои "Гарм" ва "Ҳисор" кашфиёт мебошанд ва Кумитаи давлатии Иттиҳоди Шуравӣ оид ба илм ва технология мутаносибан дар солҳои 1989 ва 1991 ду шаҳодатномаи ҳуқуқи муаллиф додааст.

 Солҳои 1993-1994 олимони Пажӯҳишгоҳ хурӯҷи лептоспирозро дар ҷануби Тоҷикистон (Данғара, ноҳияи Советский, Кангурт) омӯхтанд. Муайян карда шуд, ки манбаи асосии сироят чорвои калон ва хояндаҳо мебошад, омили асосии сироятёбии микробҳо оби нӯшокӣ мебошад. Бо кӯшиши эпидемиологҳо ва мутахассисони бемориҳои сироятӣ ин беморӣ бартараф карда шуд.

 Сохтори этиологӣ ва хусусиятҳои барангезандаи бемории доманаро дар Кӯлоб ва Душанбе (1996-2008) кушодаанд, ки ин имкон дод, ки ангезандаи «ғайриоддӣ» ошкор карда шуда, табобати анъанавии он тавассути левомицетин ба куллӣ таҷдиди назар карда шуд. Хулосаи мутахассисони Пажӯҳишгоҳ дар озмоишгоҳҳои ТУТ, CDC (Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА, Атланта) тасдиқ карда шуд.

 Дар соли 2016 усулҳои тадқиқоти молекулавии сурхча ва сурхакон дар таҷрибаи лабораторӣ ворид карда шуданд.

 Дар соли 2017 оид ба маҳдудкунии хурӯҷи сурхча чораҳои мушаххас андешида шуданд, аз ҷумла, гузаронидани чорабиниҳои зиддиэпидемикӣ дар самти ошкорсозӣ, бистарӣ намудани беморон ва ташкили чорабиниҳои пешгирикунанда мебошанд. Штаммҳои ҷудошудаи вируси сурхча, ки намояндаи генотипи H1 мебошанд, барои Чин ва Муғулистон эндемӣ мебошанд. Маълумоти генотипкунии вирусҳои сурхча дар пойгоҳи иттилоотии MeaNS ва штамми вируси сурхакон RA27 / 3 - дар базаи маълумотҳои RubeNS ҷойгир карда шуданд. Дар моҳи май ваксинаи универсалии сурхакон ва сурхча гузаронида шуд, ки аҳолиро синни аз 1 то 9 сол фаро мегирад.

 Омӯзиши таъсири мураккаби омилҳои истеҳсолӣ ва технологии ТадАЗ ба саломатии коргарон ва аҳолӣ таъсири номатлуби онҳоро ба организми коргарон ошкор кард. Таъсири ҳолати муҳити беруна ба рушди ҷисмонии кӯдакон дар шароити ифлосшавии муҳити атроф омӯхта шуд.

 Лабораторияи зукоми Пажӯҳишгоҳ омӯзиши гардиши вирусҳои зуком, давомнокии масуниятро дар аҳолии калонсол идома медиҳад, ки ин имкон медиҳад эпидемияи зукомро дар ҷумҳурӣ пешгӯӣ карда шавад.

 Соли 2017 усулҳои тадқиқоти молекулавии салмонелла дар таҷрибаи лабораторӣ ворид карда шуданд.

 Таҳлили ретроспективии паҳншавии сирояти ротавирус дар давраи аз соли 2007 то 2018 гузаронида шуд. Муқаррар карда шуд, ки дар Тоҷикистон 7 генотипи ротавирусҳо гардиш мекунанд: G1 P [8], G2 P [4], G3 P [8], G9 P [8], G9 P [6] G1 P [6] G12 P [8].

 Пажӯҳишгоҳ дар самти мубориза бо паҳншавии сирояти нави коронавируси COVID-19 нақши муҳим бозид.

 Татбиқи амалии дастовардҳои Пажӯҳишгоҳ

         Дар тӯли солҳои фаъолияти Пажӯҳишгоҳ зиёда аз 765 номгӯи корҳои чопӣ (монографияҳо, асарҳо ва мақолаҳои илмӣ, маҷмӯаҳо, маводи конфронс) бароварда шуданд, Кумитаи давлатии илм ва техникаи СССР ба Пажӯҳишгоҳ 34 шаҳодатномаи ҳуқуқи муаллифӣ дод, ки зиёда аз 400 тавсияҳо таҳия ва дар амал татбиқ карда шуданд.

  Дурнамои рушди илм дар Пажӯҳишгоҳ

 Дар доираи ҳуҷҷатҳои стратегии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2021-2030 самтҳои афзалиятнок дар баробари таҳқиқот ва таҳқиқоти бунёдӣ инҳоянд:

 1. Омӯзиши гардиши вирусҳои бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, аз ҷумла зуком ва коронавирусҳо дар байни аҳолии минтақаҳои кишвар тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ташхисии ELISA ва занҷираи реаксияи полимеразӣ ва назорати вирусологию эпидемиологӣ.

 2. Омӯзиши вирусологӣ ва серологии манбаъҳои сироятҳои зоонотикӣ, аз ҷумла арбовирусҳо, парвовирусҳо ва ротавирусҳо дар байни қишрҳои осебпазири аҳолӣ.

3. Омӯзиши таъсири омилҳои экологӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои истихроҷи маъдан ба ҳайати кормандони корхонаҳои саноатӣ (бемориҳои касбӣ) ва аҳолии ин қаламравҳо.

 4. Омӯзиши таъсири корхонаҳое, ки ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва маъдан машғуланд, ба тағйирёбии иқлим ва минтақа бо назардошти вазъи саломатии аҳолӣ.

 5. Такмили ихтисоси кадрҳои илмӣ дар марказҳои бузурги илмӣ-тадқиқотии хориҷи кишвар.

 6. Омодасозии мутахассисон оид ба эпидемиология, гигиена ва санитария, вирусология, бактериология, паразитология ва таълими онҳо дар заминаи шуъбаҳо ва озмоишгоҳҳои муассиса.