Телефон - 511
2215605

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "ПАЖУҲИШГОҲИ ТИББИ ПРОФИЛАКТИКИИ ТОҶИКИСТОН"

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳамасола ҷашн гирифта мешавад, дар МД "Пажуҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон" таҳти роҳбарии директори муассиса, д.и.т. Рузиев Муродалӣ, ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин ҷаласа, ки барои арҷгузорӣ ба ин санади тақдирсоз ташкил шуд, директори Пажуҳишгоҳ маърузаи муҳимеро оид ба моҳияти Конститутсия пешниҳод намуданд. Ӯ таъкид дошт, ки Конститутсия танҳо санади ҳуқуқии давлатӣ, балки рамзи сулҳу субот, ваҳдат ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрванд мебошад. Дар идомаи суханронии худ, Рузиев Муродалӣ тамоми кормандони муассисаро ба ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба қонун ва садоқат ба арзишҳои миллӣ даъват намуданд. Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур якчанд кормандони ҷавони муассиса низ маъруза пешниҳод намуданд, ки ин иқдом ба баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии ҷавонон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамватанони азиз!
Бо камоли эҳтиром, ҳамаи Шуморо бо фарорасии Рӯзи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям! Ин санад асоси бунёдии давлатдории мост ва моро ба сӯи ояндаи равшан ва боэътимод роҳнамоӣ мекунад. Бигузор, арҷгузорӣ ба қонун, масъулият дар назди Ватан ва эҳсоси ифтихор аз истиқлолияти миллӣ дар дилҳои ҳар як ҳамватани мо маскан гирад. Бовар дорем, ки тавассути эҳтиром ба Конститутсия ва риояи ҳуқуқу қонунҳои мамлакат метавонем ба як ҷомеаи шукуфон ва осоишта саҳм гузорем. Бо умеди саодатмандӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз!