Телефон - 511
2215605

ГОСУДАРСТВЕННОЕ УЧРЕЖДЕНИЕ "ТАДЖИКСКИЙ НАУЧНО- ИССЛЕДОВАТЕЛЬСКИЙ ИНСТИТУТ ПРОФИЛАКТИЧЕСКОЙ МЕДИЦИНЫ"

Азимов Гурез Ҷалилович


Азимов Гурез Ҷалилович  соли таваллудаш  1960,  миллаташ тоҷик   оиладор,  соҳиби 7- фарзанд  Маълумоташ  олии  тиббӣ  соли  1985     Донишкадаи тиббии 1-ӯми ба номи  И. М.Сеченова ш. Москва,   факултаи  санитарию эпидемиологиро хатм намудааст.

Азимов Гурез Ҷалилович, 7-ӯми майи соли 1960 дар деҳаи Кадучии Ҷамоати Пахтаободи ноҳия Восеъи Вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1975 мактаб - интернати санатории №2 ба номи Ф.Энгелсӣ  ноҳияи Восеъро хатм намуда, ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб дохил шудааст. Соли 1979 омӯзишгоҳро хатм намуда, баъд аз хатми омӯзишгоҳ аз 10-март то 20-июли соли 1979 дар Стансияи санитарию эпидемиологии ноҳияи Весеъ ёрдамчии духтурӣ санитарӣ фаъолият намудааст.

Соли 1979 ба факультаи санитарию гигиении Донишкадаи тиббии 1-ӯми ба номи И.М. Сеченови шаҳри Москва дохил шуда, 1985 бо тахассуси духтур гигиенист -эпидемиолог хатм намудааст.

Солҳои 1985-1990  мудир шӯъбаи гигиенаи меҳнати Стансияи санитарӣ –эпидемиологии ноҳияи Восеъ, солҳои 1990-1991 сардухтури Стансияи дезинфексионии ноҳияи Восеъ, солҳои 1991-1993 сардухтури Стансияи дезинфексионии вилояти Кӯлоб, солҳои 1993 – 1996 Раиси корхонаи хурди «Гигиена»-и назди Стансияи санитарӣ–эпидемиологии ноҳияи Восеъ, солҳои 1996 – 2004 сардухтури Стансияи профилактикӣ–дезинфексионии шаҳри Душанбе , солҳои 2004 – 2006  сардухтури Маркази назорати давлатии санитиарию эпидимиологи шаҳри  Душанбе, солҳои 2006-2007 Ҷонишини сардухтури Маркази Ҷумҳуриявии назорати давлатии санитарию эпидимиологии Вазорати тандурустӣ фаъолият намудааст.

Солҳои 2007 - 2009 ба ҳайси сардори Раёсати санитарию эпидемиологии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии ТоҶикистон фаъолият намудааст.

          Аз 12 октябри соли 2009 то 31 декабри соли 2014 ба ҳайси директори Маркази  Ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳайти солими  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

 Солҳои 2014-2016 ба ҳайси директори генералии ҶСП “Шоҳамбарӣ” фаъолият намудааст. Солҳои 2016-2018 мудири кафедраи эпидемиология МДТ “Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” фаъолият намудааст. Солҳои 2018-2021 директори МДТ “Колеҷи тибби ш.Ҳисор фаъолият намудааст. Солҳои 2021-2022 мудири кафедраи эпидемиология МДТ “Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” фаъолият намудааст. Аз соли 2022 то инҷониб муовини директор оид ба илм дар МД “Пажуҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон” ба номи Абӯалӣ ибни Сино” фаъолият намуда истодааст.

Азимов Гурез Ҷалилович соли 2006 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Ҷанбаҳои санитарию - гигиении истифодабарии таҶҳизоти Биогазификатсиони бо мақсади ҳифзи обанборҳои Ҷумҳурии ТоҶикистон» аз рӯйи ихтисосӣ 14.02.01 – «Беҳдоштӣ» ва соли 2018 рисолаи доктории худро дар мавзуи «Ҳифзи тандурустии Ҷамъиятӣ бо роҳи муносиб намудани бехатарии истифодабарии об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯйи ихтисосӣ 14.02.03 – «Сиҳатии Ҷомеа ва тандурустӣ»   бо мувафақият химоя намуданд.

Азимов Гурез Ҷалилович доктори илмҳои тиб, дотсент буда дар раванди фаъолияти тулониаш дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуҷии соҳаи санитарию эпидемиологӣ ва тандурустии ҷамҳиятӣ саҳми арзанда гузоштааст. Дар раванди фаъолияти корӣ шогирдони зиёдро ба воя расонидааст, ки дар соҳаи тандурустӣ содиқона фаъолият намуда истодаанд.