Telefon - 511
2215605

GOVERNMENT AGENCY "TAJIK SCIENTIFIC RESEARCH INSTITUTE OF PREVENTIVE MEDICINE"

Аббосова Меҳринисо Абдухолиқовна


Аббосова Меҳринисо Абдухолиқовна, 18 феврали соли 1985 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар оилаи хизматчии давлатӣ таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 2002 ба омузишгоҳи тибби ноҳияи Данғара   дохил шуда, соли 2004 омузишгоҳи мазкурро хатм намуда ихтисоси ҳамшираи тиббиро гирифтааст. Баъди хатми омузишгоҳ, дар вазифаи ҳамшираи тиббии ноҳияи мазкур фаъолият намудааст. Соли  2007 барои идомаи таҳсил ҳуҷҷутҳои худро ба кафедраи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супорда соли 2012 донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси биолог хатм намудааст.

Ҳамзамон дар давоми таҳсил аз соли 2008 дар вазифаи коргузорӣ Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии тибби профилактики ва баъдан аз моҳи апрели соли 2009 то инҷониб дар вазифаи сардори шўъбаи кадрҳои Пажуҳишгоҳ фаъолият карда истодааст.

Аз соли 2012 дар ассисенти кафедраи «Ташхиси лаборатории»-и Коллеҷи тиббии ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси омўзгор фаъолият менамояд.

Ҳамзамон аъзои иттифоқи касаба ва аз соли 2011 то инҷониб котиби Раиси ташкилоти “Гиппократ” -и ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба шумор меравад.

Солҳои 2001-2003 Донишҷўи факультети «Кори ҳамшираги»-и омўзишгоҳи ноҳияи Данғара.

Солҳои 2003-2007 Ҳамшираи тибби шуъбаи кардиологии Беморхонаи Марказии ноҳияи Данғара.

Солҳои 2007-2008 Донишҷуи Донишгоҳи мили Тоҷикистон.

Солҳои 2008-2009 Ҳамшираи тибби Маркази саломатии  № 8 ш. Душанбе.

Солҳои 2008-2009 Коргузори Пажўхишгоҳи тибби профилактики Тоҷикистон

Соли 2012 Ассистенти кафедраи Ташхиси лаборатории Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Соли 2009 то инҷониб Нозири кадрҳо, ҳамзамон корманди илмии МД «Пажўҳишгоҳи тибби профилактикӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.