Telefon - 511
2215605

GOVERNMENT AGENCY "TAJIK SCIENTIFIC RESEARCH INSTITUTE OF PREVENTIVE MEDICINE"

Рузиев Муродалӣ Меҳмондустович


Рузиев Муродалӣ Меҳмондустович миллаташ тоҷик, соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.  Баъди хатми мактаби миёнаи №14-и шаҳри Душанбе ба  факултаи тиббии профилактикии Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 2000 онро хатм кардааст.

Баъд аз хатми факултаи тиббии профилактикии Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино то соли 2003 ҳамчун духтури бемориҳои касбии Клиникаи Пажўҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон, солҳои 2003 - 2007 дар Раёсати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввал ба ҳайси сармутахассис ва баъдан ҳамчун Сардори Раёсат, солҳои 2007-2014 директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва муборизаи зидди СПИД  ва солҳои 2014-2015 котиби генералии Ҷаъмияти Хилоли Ахмари Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Солҳои 2016-2020 директори Муассисаи давлатии “Пажўҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон”  фаъолият кардааст.

Аз соли 2020 ва ин ҷониб директори Муассисаи давлатии “Пажўҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон”  мебошад.

Рузиев Муродалӣ Меҳмондустович дар чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, дар конфронсу анҷуманҳои илмии ватанию хориҷӣ бо маърўзаҳои таҳлилию илмӣ мунтазам баромад менамояд. Дар баробари ин, бо мақсади муайян намудани дурнамои ҳамкориҳои минбаъдаи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишвар оид ба масъалаҳоли тандурустӣ, дар як қатор чорабиниҳои ватанӣ ва байнидавлатӣ, ҳайати расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд.

Дар баробари ин, дар давоми фаъолияташ Рузиев М.М. худро ҳамчун олими нуқтасанҷ, мутахассиси баландихтисос, ташкилотчии кордон ва меҳнатдўст нишон дода, дар баланд бардоштани савияи дониш ва таҷрибаи касбии хеш пайваста кўшиш менамояд ва дар байни ҳамкасбон обрўю эҳтироми хосса пайдо намудааст.

Бояд қайд намуд, ки Рузиев Муродалӣ Меҳмондустович дар рушди илми тибби мамлакат саҳми босазо гузоштааст. Аз он ҷумла, дар Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино соли 2009 рисолаи номзадиро бомуваффақият ҳимоя намуд. Дар давоми фаъолияти илмӣ 2 монография, 10 дастури методӣ ва зиёда аз 40 мақолаи илмӣ таҳия гардидаанд, ки дар маҷалаҳои ҷумҳуриявӣ ва дар хориҷи кишвар мунтазам нашр мегарданд. Соли 2019 доктори илмҳои тиб дар ш. Москва ҳимоя кард.

Ба ғайр аз ин, Рузиев Муродалӣ Меҳмондустович дар таҳияи як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва инчунин фармонҳои дастурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита иштирок намудааст.

Рузиев Муродалӣ Меҳмондустович соли 2010 сазовори Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон гардидааст.  Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  ифтихорномаҳо ва Нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” мукофотонида шудааст.