Телефон - 511
2215605

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "ПАЖУҲИШГОҲИ ТИББИ ПРОФИЛАКТИКИИ ТОҶИКИСТОН"

ДАСТРАСИ БА МАШВАРАТИ ТИББӢ БОЗҲАМ СОДДАТАР ГАРДИД.


Телефонҳои боварӣ воситаи маъмултарине мебошад, ки соҳаи тандурустии минтақаи аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои вокуниш ба пандемияи COVID 19 истифода бурда, яке аз тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳангоми сар задани сироят и нави коронавируси COVID-19 дар тамоми ҷаҳон, инчунин дар Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ, назорат ва иттилоот дар маҷмӯъ таъсис додани телефонҳои боварӣ буд.
Бо мақсади амалисозии чорабиниҳои аввалиндараҷа тибқи амалигардонии фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2021,№817 “Маркази иттилоотии зиддибӯҳронӣ вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва назорати сирояти COVID-19” дар назди МД “Пажуҳишгоҳи тибби профилактикии Тољикистон” таъсис дода шуд.
Маросими ба истифода додани Маркази мазкур, ки он таҳти рақами боварии 511 фаъолият менамояд, 2 феврали соли 2022 бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода дар МД “Пажӯҳишгоҳи тиббӣ профилактикии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, Маркази мазкур дар доираи маблағгузории “Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо вируси COVID-19 дар Тоҷикистон” бо таҷҳизоти замонавии иттилоотӣ, нуқтаҳои қабули зангҳои телефонӣ ҳам аз корбарони алоқаи мобилӣ ва ҳам аз пешниҳодкунандагони алоқаи телефонии маъмулии хаттӣ муҷаҳҳаз буда, бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ дар ду басти корӣ давоми 24 соат фаъолият менамояд.
Бояд қайд намуд, ки Марказ шабонарўзӣ фаъолият намуда, оид ба пешгирии бемориҳои сироятию ғайрисироятӣ ба аҳолӣ маълумоти даққиқи тасдиқшуда ва машваратҳои тахассусии соҳавӣ ва ба таври индивидуалӣ (фардӣ) ба аҳолӣ маълумот пешниҳод менамояд.
Раванди мушоҳидаҳо ва таҷрибаи ҷаҳонию ватанӣ исбот намуд, ки истифодаи чунин модели корӣ дар тамоми самтҳои тандурустӣ яъне мутамарказ намудани масъалањои соҳаи тибб метавонад як механизми хуб барои расонидани маълумоти исботшуда ва бехатар дар байни ањолӣ бошад.
 
Бо ин мақсад, тибқи фармоиши махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2023, №353 Маркази зидибуҳронӣ ба “Маркази иттилоотии қабул ва коркарди муроҷиати шаҳрвандон” табдил дода шуд, ки вобаста ба масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайри сироятӣ ба аҳолӣ ба таври ройгон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд.
Хоҳишмандон метавонанд вобаста ба басъалаҳои соҳаи тандурустӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайри сироятӣ ба рақамҳои кутоҳи 511 занг зада маълумотӣ дақиқ гирифта, аз машваратӣ мутахассис баҳравар гарданд.