Телефон - 511
2215605

ГОСУДАРСТВЕННОЕ УЧРЕЖДЕНИЕ "ТАДЖИКСКИЙ НАУЧНО- ИССЛЕДОВАТЕЛЬСКИЙ ИНСТИТУТ ПРОФИЛАКТИЧЕСКОЙ МЕДИЦИНЫ"

Маркази иттилоотӣ


Телефонҳои боварӣ воситаи маъмултарине мебошанд, ки соҳаи  тандурустии минтақаи аврупоии Созмони умумиҶаҳонии тандурустӣ барои вокуниш ба пандемияи COVID 19 истифода бурда, яке аз тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳангоми сар задани сирояти нави коронавируси COVID-19 дар тамоми ҷаҳон, инчунин дар Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ, назорат ва иттилоот дар маҷмӯъ таъсис додани телефонҳои боварӣ буд.

Вобаста ба ин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Маркази иттилоотии зиддибӯҳронии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди сирояти COVID-19» аз 25 марти соли 2020, № 199, фармоишро ба имзо расонид, ки сарфи назар аз набудани базаи мукаммали моддию техникӣ, мутахассисони баландихтисос ва операторон, «Телефони боварӣ - 511 оид ба COVID-19» ба фаъолият шурӯъ намуд.

 

Бо мақсади амалисозии чорабиниҳои аввалиндараҷа тибқи амалигардонии фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2021,№817 “Маркази иттилоотии зиддибӯҳронӣ вобаста ба масъалаҳои пешгирӣ ва назорати сирояти COVID-19” дар назди МД “Пажуҳишгоҳи тибби профилактикии ТоҶикистон” таъсис дода шуд. Низомнома ва дастурамал барои кормандон таҳия ва тасдиқ карда шуд, ки мутахассисон аз рўи он омўзонида шуданд. 

 Маросими ба истифода додани маркази мазкур, ки он таҳти рақами боварии 511 фаъолият менамояд, 2 феврали соли 2022 бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода дар МД “Пажӯҳишгоҳи тиббӣ профилактикии Тоҷикистон” баргузор гардид.

 Тавре иттилоъ дода шуд, маркази мазкур бо таҷҳизоти замонавии иттилоотӣ, нуқтаҳои қабули зангҳои телефонӣ ҳам аз корбарони алоқаи мобилӣ ва ҳам аз пешниҳодкунандагони алоқаи телефонии маъмулии хаттӣ муҷаҳҳаз буда, бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ дар ду басти корӣ давоми 24 соат фаъолият менамояд.

  

 

Марказ шабонарўзӣ фаъолият намуда, аз вазъи эпидемиологии паҳншаавии коронавирус COVID-19, маълумоти даққиқи тасдиқшуда ва машваратҳои тахассусии соҳавӣ ва ба таври индивидуалӣ (фардӣ) ба аҳолӣ маълумот пешниҳод менамояд.

 

Раванди мушоҳидаҳо ва таҷрибаи ҷаҳонию ватанӣ исбот намуд, ки истифодаи чунин модели корӣ дар тамоми самтҳои тандурустӣ яъне мутамарказ намудани масъалаҳои соҳаи тибб метавонад як механизми хуб барои расонидани маълумоти исботшуда ва бехатар дар байни аҳолӣ бошад.

 Бо ин мақсад, тибқи фармоиши махсуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2023, №353 Маркази зидибуҳронӣ ба “Маркази иттилоотии қабул ва коркарди муроҷиати шаҳрвандон”  табдил дода шуд, ки вобаста ба масъалаҳои

пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ѓайри сироятӣ ба аҳолӣ ба таври ройгон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд.

 

 

Марказ дар доираи маблағгузории “Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо вируси COVID-19 дар Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад, амал намуда истодааст.

 Хохишмандон метавонанд вобаста ба басъалаҳои соҳаи тандурустӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайри сироятӣ ба рақамҳои кутоҳи 511 зангзада маълумотӣ дақиқ гирифта, азӣ машваратӣ мутахассис баҳравар гардад.