Табрикоти Директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон»
ТАБРИКОТ
Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамватанони азиз, ҳамкорони гиромӣ!
Бо камоли ифтихор ва эҳтироми самимӣ ҳамаи Шуморо ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям.
Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ, худшиносии миллӣ ва имкони мустақилона муайян намудани роҳи рушди давлату ҷомеа мебошад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла тандурустӣ, илм, маориф ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ марҳилаҳои муҳими рушдро паси сар намуд.
Барои мо — кормандони соҳаи тандурустӣ ва илми тиб — хизмат ба саломатии мардум, пешгирии бемориҳо, рушди таҳқиқоти илмӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб вазифаи муҳим ва пурмасъулият мебошад. Мо минбаъд низ кӯшиш менамоем, ки бо меҳнати содиқона ва истифодаи дастовардҳои муосири илмӣ дар таҳкими солимии ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорем.
Дар ин рӯзи фархунда ба ҳар як хонадони кишвар сулҳу оромӣ, тандурустӣ, файзу баракат, хушбахтӣ ва рӯзгори обод орзу менамоям. Бигзор Тоҷикистони азизи мо ҳамеша ободу осуда ва роҳи рушди он устувор бошад.
Бо эҳтиром,
Рузизода Муродалӣ Меҳмондӯст
доктори илмҳои тиб, профессор
Директори Муассисаи давлатии
«Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон»