Гузариш ба мундариҷа
☎ (+992 37) 221-56-05 ✉ tajikprofmed@mail.ru ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 61
ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ ПРОФИЛАКТИКИИ ТОҶИКИСТОН»

ИЛМ · ПЕШГИРӢ · ҶОМЕАИ СОЛИМ

Хабар

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ • ТАНДУРУСТӢ • ИЛМИ ТИБ ХАБАР
23-09-2026, 10:29 Пажӯҳишгоҳ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ • ТАНДУРУСТӢ • ИЛМИ ТИБ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ • ТАНДУРУСТӢ • ИЛМИ ТИБ

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ЗАМИНАИ РУШДИ ТИББИ МУОСИР ВА СОЛИМИИ ҶОМЕА

Рушди илми тиб, ташхиси муосир, амнияти биологӣ ва тибби профилактикӣ дар шароити сулҳу субот

Ҳар як давлат дар роҳи рушду пешрафти худ ба арзишҳое такя мекунад, ки суботи ҷомеа ва рушди устуворро таъмин менамоянд. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин арзиши муқаддас ва сарнавиштсоз Ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги сиёсӣ барои эҳёи иқтисод, рушди иҷтимоӣ, таҳкими давлатдорӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳо, аз ҷумла тандурустӣ ва илми тиб, заминаи устувор фароҳам овард.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ, бахусус пас аз барқарор гардидани сулҳу суботи комил, соҳаи тандурустӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфт. Дар натиҷа, низоми тандурустии кишвар аз ҷиҳати инфрасохтор, таъминоти техникӣ, омодасозии кадрҳо ва ворид намудани технологияҳои муосир тағйироти назаррас ба худ гирифт.

Имрӯз рушди тибби муосирро бидуни фазои орому осуда ва ваҳдати миллӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Маҳз суботи сиёсӣ имконият фароҳам овард, ки муассисаҳои нави тиббӣ бунёд гардида, марказҳои ташхисию табобатӣ бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шаванд. Дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва озмоишгоҳҳои муосир фаъолият намуда, имкониятҳои ташхису хизматрасонии тиббӣ васеъ гардидаанд.

01 Ташхиси озмоишгоҳӣ ва технологияҳои муосир

Яке аз самтҳои муҳимтарини рушди соҳа ташаккули заминаи муосири ташхиси озмоишгоҳӣ мебошад. Имрӯз дар озмоишгоҳҳои кишвар технологияҳои пешрафтаи ташхисӣ, аз ҷумла усулҳои молекулавию генетикӣ ва иммунохимиявӣ ҷорӣ гардидаанд, ки имконият медиҳанд бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ дар марҳилаҳои аввал муайян карда шаванд. Ин дастовардҳо барои баланд бардоштани сифати ташхис, интихоби табобати самаранок ва пешгирии паҳншавии бемориҳо аҳамияти калон доранд.

02 Амнияти биологӣ ва мониторинги эпидемиологӣ

Ҳамзамон, дар шароити таҳдидҳои нави глобалӣ масъалаи амнияти биологӣ ба яке аз самтҳои муҳими соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст. Таҷрибаи пандемияи COVID-19 зарурати мавҷудияти низоми муосири мониторинг, шабакаи пуриқтидори озмоишгоҳӣ ва кадрҳои баландихтисосро бори дигар нишон дод. Тоҷикистон низ дар ин самт имкониятҳои ташхиси озмоишгоҳӣ, мониторинги эпидемиологӣ ва назорати санитариро тақвият бахшидааст.

03 Рушди илмҳои тиббӣ

Дар баробари рушди инфрасохтор, таваҷҷуҳи махсус ба рушди илмҳои тиббӣ низ равона гардидааст. Имрӯз муҳаққиқони тоҷик дар самтҳои эпидемиология, микробиология, вирусология, иммунология, генетика, фармакология ва тибби профилактикӣ таҳқиқоти илмиро анҷом дода, натиҷаҳои онҳоро барои такмили амалияи тандурустӣ истифода мебаранд.

Барои муассисаҳои илмии соҳа имконият фароҳам оварда шудааст, ки таҳқиқот дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, омӯзиши омилҳои хавфи саломатӣ, муқовимати зиддимикробӣ, амнияти озуқаворӣ ва амнияти биологӣ густариш дода шавад.

04 Омодасозии кадрҳои баландихтисос

Самти дигари муҳими рушди тандурустӣ омодасозӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳа мебошад. Барномаҳои таълимӣ ва курсҳои такмили ихтисос имконият медиҳанд, ки мутахассисон донишу малакаи касбии худро мутобиқ ба технологияҳо, усулҳои нави ташхис ва талаботи муосири тиббӣ пайваста такмил диҳанд.

05 Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Ваҳдати миллӣ барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ низ шароити мусоид фароҳам овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва марказҳои илмии хориҷӣ дар самти мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, таҳкими низоми амнияти санитарию эпидемиологӣ, рушди хизматрасонии тиббӣ ва татбиқи технологияҳои муосир ҳамкорӣ менамояд.

06 Тибби профилактикӣ — заминаи ҳифзи саломатӣ

Яке аз самтҳои муҳим дар низоми тандурустӣ рушди тибби профилактикӣ мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки пешгирии бемориҳо, ташхиси барвақтӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ дар ҳифзи саломатии ҷомеа аҳамияти калидӣ доранд.

Аз ин рӯ, татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, ғизои солим, фаъолияти ҷисмонӣ, назорати омилҳои хавф ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ҳамчун ҷузъи муҳими рушди соҳа арзёбӣ мегардад.

Ваҳдати миллӣ барои рушди муассисаҳои илмӣ, ворид намудани технологияҳои нав, омодасозии кадрҳои соҳибтахассус ва таҳкими имкониятҳои низоми тандурустии кишвар заминаи устувор фароҳам овардааст.

Бо такя ба фазои сулҳу субот рушди илми тиб ва низоми тандурустии Тоҷикистон имкониятҳои нав пайдо намуда, муассисаҳои соҳавӣ метавонанд фаъолияти худро дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо ва татбиқи дастовардҳои илмӣ боз ҳам густариш диҳанд.

Олимон, муҳаққиқон ва кормандони соҳаи тандурустӣ дар ин раванд масъулияти муҳим доранд. Таҳқиқоти босифати илмӣ, истифодаи технологияҳои муосир, рушди тибби профилактикӣ ва омодасозии кадрҳои соҳибтахассус метавонанд ба таҳкими саломатии ҷомеа ва рушди устувори низоми тандурустӣ мусоидат намоянд.

Дар замони ҷаҳонишавӣ ва пайдоиши таҳдидҳои нави биологӣ тақвияти иқтидори илмӣ, озмоишгоҳӣ ва профилактикӣ барои ҳифзи саломатии аҳолӣ аҳамияти махсус дорад. Саломатии миллат яке аз муҳимтарин омилҳои рушди иҷтимоӣ ва устувории давлат мебошад.

Муаллифи мақола
Доктори илмҳои тиб
Директори Муассисаи давлатии
«Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон»
Табрикоти Директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон» ХАБАР
8-09-2026, 10:31 Пажӯҳишгоҳ

Табрикоти Директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон»

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

ТАБРИКОТ

Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз, ҳамкорони гиромӣ!

Бо камоли ифтихор ва эҳтироми самимӣ ҳамаи Шуморо ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯям.

Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон рамзи озодӣ, соҳибихтиёрӣ, худшиносии миллӣ ва имкони мустақилона муайян намудани роҳи рушди давлату ҷомеа мебошад. Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла тандурустӣ, илм, маориф ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ марҳилаҳои муҳими рушдро паси сар намуд.

Барои мо — кормандони соҳаи тандурустӣ ва илми тиб — хизмат ба саломатии мардум, пешгирии бемориҳо, рушди таҳқиқоти илмӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб вазифаи муҳим ва пурмасъулият мебошад. Мо минбаъд низ кӯшиш менамоем, ки бо меҳнати содиқона ва истифодаи дастовардҳои муосири илмӣ дар таҳкими солимии ҷомеа саҳми арзандаи худро гузорем.

Дар ин рӯзи фархунда ба ҳар як хонадони кишвар сулҳу оромӣ, тандурустӣ, файзу баракат, хушбахтӣ ва рӯзгори обод орзу менамоям. Бигзор Тоҷикистони азизи мо ҳамеша ободу осуда ва роҳи рушди он устувор бошад.

35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!

Бо эҳтиром,

Рузизода Муродалӣ Меҳмондӯст

доктори илмҳои тиб, профессор
Директори Муассисаи давлатии
«Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон»

Лоиҳаи илмии Тоҷикистон дар Озмуни умумироссиягии «100 таҷрибаи муваффақ дар соҳаи таҳкими саломатии ҷомеа – 2026» ХАБАР
5-06-2026, 13:51 Пажӯҳишгоҳ

Лоиҳаи илмии Тоҷикистон дар Озмуни умумироссиягии «100 таҷрибаи муваффақ дар соҳаи таҳкими саломатии ҷомеа – 2026»


ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ, ш. МОСКВА

Лоиҳаи илмии Тоҷикистон дар Озмуни умумироссиягии «100 таҷрибаи муваффақ дар соҳаи таҳкими саломатии ҷомеа – 2026» сазовори дипломи дараҷаи III гардид

10 июни соли 2026 дар шаҳри Москва маросими тантанавии ҷамъбаст ва қадрдонии ғолибони Озмуни умумироссиягии «100 таҷрибаи муваффақ дар соҳаи таҳкими саломатии ҷомеа – 2026» баргузор гардид.

Чорабинӣ дар Шуъбаи илмҳои тиббии Академияи илмҳои Россия бо иштироки олимони пешқадам, мутахассисон ва коршиносони соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ баргузор шуд.

Ташкилкунандагони озмун Пажӯҳишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии ташкил ва иттилоотонии тандурустии Вазорати тандурустии Федератсияи Россия, Пажӯҳишгоҳи миллии илмӣ-тадқиқотии тандурустии ҷамъиятӣ ба номи Н.А. Семашко ва ташкилоти ғайритиҷоратии «Маркази миллии таҳкими саломатии ҷамъиятӣ «АРИОН»» буданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои озмун директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон», доктори илмҳои тиб Рузизода Муродалӣ Меҳмондӯстович барои лоиҳаи илмии «Мониторинги маҷмӯии манбаъҳои табиии сироятҳои арбовирусӣ ва омӯзиши генотипҳои арбовирусҳои дар Тоҷикистон гардишкунанда» бо дипломи дараҷаи III қадрдонӣ гардид.

Баҳои баланди ҷомеаи коршиносон аз аҳамияти илмӣ ва амалии лоиҳа, мубрамияти таҳқиқоти анҷомдодашаванда ва саҳми назарраси олимони тоҷик дар рушди тибби профилактикӣ, эпидемиология ва тандурустии ҷамъиятӣ шаҳодат медиҳад.

Лоиҳа ба такмили низоми мониторинг ва назорати эпидемиологии сироятҳои арбовирусӣ, омӯзиши хусусиятҳои гардиши ангезандаҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани самаранокии чорабиниҳои пешгирикунанда равона шудааст.

Ҷоизаи бадастомада эътирофи сатҳи баланди таҳқиқоти илмии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашаванда буда, иқтидори назарраси илми ватаниро дар ҳалли масъалаҳои мубрами таъмини беҳдошти санитарию эпидемиологии аҳолӣ тасдиқ менамояд.


Омӯзиши фосилавӣ бо ҷалбӣ мутахассисони Федератсияи Руссия ХАБАР
9-04-2025, 16:47 Пажӯҳишгоҳ

Омӯзиши фосилавӣ бо ҷалбӣ мутахассисони Федератсияи Руссия

Омӯзиши фосилавӣ бо ҷалби мутахассисони Федератсияи Россия ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Ҳамкории илмӣ ва таълимӣ

Омӯзиши фосилавӣ бо ҷалби мутахассисони Федератсияи Россия

Дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ, МД «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон» барномаи омӯзиши фосилавии (онлайн) кадрҳои соҳаро дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои пешқадами илмӣ-таҳқиқотии Федератсияи Россия оғоз намуд.

Муфассал →
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ХАБАР
5-11-2024, 13:15 Пажӯҳишгоҳ

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

6 НОЯБР — РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Арҷгузорӣ ба Конститутсия ҳамчун рамзи сулҳу субот, ваҳдат, давлатдорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон

Ҷаласаи тантанавӣ дар Пажӯҳишгоҳ

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳамасола ҷашн гирифта мешавад, дар МД «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон» таҳти роҳбарии директори муассиса, д.и.т. Рузиев Муродалӣ, ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин ҷаласа, ки барои арҷгузорӣ ба ин санади тақдирсоз ташкил шуд, директори Пажӯҳишгоҳ маърузаи муҳимеро оид ба моҳияти Конститутсия пешниҳод намуданд. Ӯ таъкид дошт, ки Конститутсия танҳо санади ҳуқуқии давлатӣ, балки рамзи сулҳу субот, ваҳдат ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрванд мебошад. Дар идомаи суханронии худ, Рузиев Муродалӣ тамоми кормандони муассисаро ба ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба қонун ва садоқат ба арзишҳои миллӣ даъват намуданд. Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур якчанд кормандони ҷавони муассиса низ маъруза пешниҳод намуданд, ки ин иқдом ба баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии ҷавонон мусоидат хоҳад кард.

“
Ҳамватанони азиз!

Бо камоли эҳтиром, ҳамаи Шуморо бо фарорасии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям! Ин санад асоси бунёдии давлатдории мост ва моро ба сӯи ояндаи равшан ва боэътимод роҳнамоӣ мекунад. Бигузор, арҷгузорӣ ба қонун, масъулият дар назди Ватан ва эҳсоси ифтихор аз истиқлолияти миллӣ дар дилҳои ҳар як ҳамватани мо маскан гирад. Бовар дорем, ки тавассути эҳтиром ба Конститутсия ва риояи ҳуқуқу қонунҳои мамлакат метавонем ба як ҷомеаи шукуфон ва осоишта саҳм гузорем. Бо умеди саодатмандӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз!

✦
Сулҳу субот
✦
Ваҳдати миллӣ
✦
Эҳтиром ба қонун
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия
Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Пажӯҳишгоҳ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи устувори давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад.

МД «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон»
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ ХАБАР
20-03-2024, 13:37 Пажӯҳишгоҳ

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ


❀ ✿ ❀
ҶАШНИ МИЛЛӢ ВА АҶДОДӢ

НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ ДАР ПАЖӮҲИШГОҲ

Ҷашни баҳор, эҳёи табиат, дӯстӣ, ваҳдат ва созандагӣ

20-уми марти соли равон дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон» бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ директори Муассиса Рузиев Муродалӣ Меҳмондустович кормандонро ба муносибати ҷашни Наврӯз самимона табрик намуда, ба онҳо саломатӣ, сарбаландӣ, файзу баракат ва комёбиҳои нав орзу намуд.

Наврӯз — рамзи баҳор ва эҳёи табиат

Наврӯзи хуҷастапай, ки аз ҷашнҳои қадимиву мардумии тоҷикон ба шумор меравад, таърихан Соли нави миллӣ буда, оғози баҳор, фасли кишту кор, эҳёи табиат ва файзу кушоишро таҷассум менамояд.

Ин иди мардумӣ асрҳо боз бо хушҳоливу фараҳ таҷлил гардида, дар он анъанаҳо, урфу одатҳо ва арзишҳои гаронбаҳои фарҳангии ниёгон инъикос меёбанд.

НАВРӮЗ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Рушди бесобиқаи Наврӯз ба давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, маҳз дар ҳамин давра мақому манзалати ин ҷашни бостонӣ боз ҳам баланд гардид, таъриху анъанаҳои он амиқан омӯхта шуда, Наврӯз ҳамчун рамзи сулҳ, дӯстӣ, ваҳдат ва инсондӯстӣ мақоми ҷаҳонӣ касб намуд.

Гӯшаи Наврӯзӣ

Бахшида ба ин ҷашни аҷдодӣ дар Пажӯҳишгоҳ гӯшаи махсуси Наврӯзӣ ташкил карда шуд.

Ҳафтсин ва ҳафтшин
Таомҳои миллӣ ва баҳорӣ
Сару либоси миллӣ ва гулдӯзиҳо
Асбобҳои мардумӣ ва зарфҳои қадима
Унсурҳои гуногуни фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ

Лаҳзаҳо аз чорабинии идона

❀ Наврӯз муборак! ❀

Бигзор Наврӯзи оламафрӯз ба ҳар хонадон сулҳу субот, тандурустӣ, файзу баракат ва комёбиҳои нав оварад.

```


ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ХАБАР
22-12-2023, 10:34 Пажӯҳишгоҳ

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

РӮЙДОДИ МУҲИМ

Ифтитоҳи бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 декабр, шаҳри Душанбе — мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави вазорат дар кӯчаи Шевченко

Ба забони тоҷикӣ

22 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Шевченкои пойтахт бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ифтитоҳи бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Лаҳза аз маросими ифтитоҳи бинои нави вазорат
RU

На русском языке

Основатель мира и национального единства — Лидер нации, Президент Республики Таджикистан уважаемый Эмомали Рахмон и Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Председатель города Душанбе уважаемый Рустам Эмомали в городе Душанбе сдали в эксплуатацию новое здание Министерства здравоохранения и социальной защиты населения Республики Таджикистан.

Лаҳзаҳо аз маросим

✦ ❖ ✦

Бинои нави вазорат дар кӯчаи Шевченкои шаҳри Душанбе ҷойгир буда, барои фаъолияти муосир ва самараноки сохтори марказии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шароити муносиб фароҳам меорад.

МД «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон»
ВОБАСТА БА ТАДҚИҚОТИ МИЛЛИИ ВАЗЪИ ЙОД ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2021 МИЗИ МУДАВВАР БАРГУЗОР ГАШТ ХАБАР
22-11-2023, 12:33 Пажӯҳишгоҳ

ВОБАСТА БА ТАДҚИҚОТИ МИЛЛИИ ВАЗЪИ ЙОД ДАР ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2021 МИЗИ МУДАВВАР БАРГУЗОР ГАШТ

САЛОМАТИИ ҶОМЕА

МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА ТАДҚИҚОТИ МИЛЛИИ ВАЗЪИ ЙОД ДАР ТОҶИКИСТОН

Муҳокимаи натиҷаҳои тадқиқоти миллӣ, аҳамияти пешгирии норасоии йод ва ҳифзи саломатии модару кӯдак

Дар меҳмонхонаи “Хилтон”-и шаҳри Душанбе оид ба тадқиқоти миллии вазъи йод дар Тоҷикистон дар соли 2021 мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он Гулбаҳор Ашурзода, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, Ҷаъфаров Навруз, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқуллода ва кўмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони як қатор вазорату идораҳо, шарикон оид ва рушд ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд.

✦

Саломатӣ — сарвати бебаҳои миллат

Гуфта шуд, ки саломатӣ сарвати бебаҳои миллат ва нишондиҳандаи воқеъии рушди устувори ҷомеъа ба ҳисоб меравад. Ғизои солим талаботи зарурӣ барои рушди миллӣ ва беҳбудии аҳолӣ буда, ташкили ғизо дар самти беҳтар намудани солимии аҳолӣ нақши муҳимро мебозад.

Чораҳои давлатӣ

Вобаста ба ин, бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои таъхирнопазир андешида, мушкилиҳои дар ин самт бударо ба воситаи қабули қонунҳо, стратегияҳо, барномаҳо ва нақшаҳои миллию минтақавӣ марҳила ба марҳила ҳал намуда истодааст.

АҲАМИЯТИ ЙОД

Йод микроэлементест, ки барои фаъолияти биологии бадани инсон, аз ҷумла тавлиди гармонҳои сипаршакл зарур аст. Мушкилоти норасоии йод (IDD) дар саросари ҷаҳон бо сабаби таъсири харобиовараш ба рушди равонӣ ва психомотории тифлон ва кӯдакони хурдсол яке аз масъалаҳои асосии саломатӣ боқӣ мемонад.

13,5
холи вобаста ба нишондоди зеҳнӣ (IQ) камтар — ба ҳисоби миёна дар кӯдаконе, ки дар минтақаҳои дорои мушкилоти норасоии йод таваллуд шудаанд.
1,8 млрд
нафар одамон дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки аз сабаби истеъмоли нокифояи йод таҳти хавфи норасоии йод қарор доранд.

Оқибатҳои норасоии йод

Дар саросари ҷаҳон, 1,8 миллиард нафар одамон дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки аз сабаби истеъмоли нокифояи йод, таҳти хавфи норасоии йод қарор доранд. Норасоии йод ба тамоми марҳалаҳои ҳаёти инсон, шурӯъ аз давраи афзоиш дар батни модар то давраи пирӣ таъсир мерасонад. Оқибатҳои норасоии йод натиҷаҳои номақбули таваллуд, кретинизм, ҷоғар, гипотиреоз ва ақибмонии инкишофи ҷисмонӣ ва равониро дар бар мегиранд. Бо вуҷуди ин, занони синну соли репродуктивӣ, аз ҷумла занони ҳомиладору синамакон ва кӯдакони то 5-сола зери хатари баланд қарор доранд. Ҳангоми афзоиш ва инкишофи тифл дар батн ва пас аз таваллуд, норасоии йод боиси осеби ислоҳнопазири мағзи сар ва системаи марказии асаб мегардад. Аксарияти оқибатҳои норасоии йод ноаён ва ислоҳнашаванда мебошанд, аммо дар айни замон ин вазъиятро комилан метавон пешгирӣ кард.

◉
Пешгирӣ имконпазир аст
◉
Модару кӯдак — гурӯҳи осебпазир
◉
Йод барои рушди зеҳнӣ муҳим аст

Дар идомаи мизи мудаввар як қатор иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни масъалаи мазкур баромад намуданд.

Мизи мудаввар оид ба вазъи йод дар Тоҷикистон
Мизи мудаввар оид ба тадқиқоти миллии вазъи йод дар Тоҷикистон
МД «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон»
Таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон ХАБАР
7-09-2023, 08:55 Пажӯҳишгоҳ

Таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон

 

 

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки сивуду сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Бо мақсади истиқболи ин санаи бузурги таърихи МД «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор намуда, оид ба моҳияти ин руйдоди беназири таърихӣ директори муассиса д.и.т., муҳтарам Рузиев М.М маълумот дод.​ Ҳамзамон дар арафаи 32 солгарди Истиқлолияти давлатӣ кормандонро қадрдони намуда, ба ифтихорномаҳо сарфароз намуданд.

  

  
   
Тачлили рӯзи кормандони соҳаи тиб дар Пажухишгох ХАБАР
18-08-2023, 12:25 Пажӯҳишгоҳ

Тачлили рӯзи кормандони соҳаи тиб дар Пажухишгох

РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Рӯзи кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷлили иди касбӣ, арҷгузорӣ ба хизматҳои кормандони соҳа ва гиромидошти мероси Абӯалӣ ибни Сино

Рӯзи кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МД «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон» бахшида ба таҷлили зодрӯзи олими бузург, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ва иди касбӣ «Рӯзи кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомад баргузор намуд.

★

Арҷгузорӣ ба кормандони соҳа

Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур кормандоне, ки таҷрибаи калони соҳавӣ доранд ва дар раванди пешбурди фаъолияти корӣ софдилона хидмат мекунанд, ба ҷоизаҳои соҳавӣ — «Аълочии соҳаи тандурустӣ» ва ифтихорномаҳои роҳбарияти Пажӯҳишгоҳ сарфароз карда шуданд.

ҚАДРШИНОСИИ РОҲБАРИЯТ

Инчунин, директори Пажӯҳишгоҳ, доктори илмҳои тиб, муҳтарам Рузиев Муродали Меҳмондустович бо медали 90-солагии Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ сарфароз гардонида шуд.

Лаҳзаҳо аз чорабинӣ

✦ ❖ ✦

Таҷлили ин санаи муҳим ифодаи арҷгузорӣ ба заҳмати кормандони соҳаи тандурустӣ ва саҳми онҳо дар ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.

МД «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон»