Гузариш ба мундариҷа
☎ (+992 37) 221-56-05 ✉ tajikprofmed@mail.ru ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 61
ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ ПРОФИЛАКТИКИИ ТОҶИКИСТОН»

ИЛМ · ПЕШГИРӢ · ҶОМЕАИ СОЛИМ
Хабар 5-11-2024, 13:15

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

6 НОЯБР — РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Арҷгузорӣ ба Конститутсия ҳамчун рамзи сулҳу субот, ваҳдат, давлатдорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон

Ҷаласаи тантанавӣ дар Пажӯҳишгоҳ

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳамасола ҷашн гирифта мешавад, дар МД «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон» таҳти роҳбарии директори муассиса, д.и.т. Рузиев Муродалӣ, ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин ҷаласа, ки барои арҷгузорӣ ба ин санади тақдирсоз ташкил шуд, директори Пажӯҳишгоҳ маърузаи муҳимеро оид ба моҳияти Конститутсия пешниҳод намуданд. Ӯ таъкид дошт, ки Конститутсия танҳо санади ҳуқуқии давлатӣ, балки рамзи сулҳу субот, ваҳдат ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шаҳрванд мебошад. Дар идомаи суханронии худ, Рузиев Муродалӣ тамоми кормандони муассисаро ба ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба қонун ва садоқат ба арзишҳои миллӣ даъват намуданд. Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур якчанд кормандони ҷавони муассиса низ маъруза пешниҳод намуданд, ки ин иқдом ба баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии ҷавонон мусоидат хоҳад кард.

“
Ҳамватанони азиз!

Бо камоли эҳтиром, ҳамаи Шуморо бо фарорасии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям! Ин санад асоси бунёдии давлатдории мост ва моро ба сӯи ояндаи равшан ва боэътимод роҳнамоӣ мекунад. Бигузор, арҷгузорӣ ба қонун, масъулият дар назди Ватан ва эҳсоси ифтихор аз истиқлолияти миллӣ дар дилҳои ҳар як ҳамватани мо маскан гирад. Бовар дорем, ки тавассути эҳтиром ба Конститутсия ва риояи ҳуқуқу қонунҳои мамлакат метавонем ба як ҷомеаи шукуфон ва осоишта саҳм гузорем. Бо умеди саодатмандӣ, ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз!

✦
Сулҳу субот
✦
Ваҳдати миллӣ
✦
Эҳтиром ба қонун
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия
Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Пажӯҳишгоҳ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи устувори давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мебошад.

МД «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон»