Гузариш ба мундариҷа
☎ (+992 37) 221-56-05 ✉ tajikprofmed@mail.ru ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 61
ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ ПРОФИЛАКТИКИИ ТОҶИКИСТОН»

ИЛМ · ПЕШГИРӢ · ҶОМЕАИ СОЛИМ
Хабар 20-03-2024, 13:37

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ


❀ ✿ ❀
ҶАШНИ МИЛЛӢ ВА АҶДОДӢ

НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ ДАР ПАЖӮҲИШГОҲ

Ҷашни баҳор, эҳёи табиат, дӯстӣ, ваҳдат ва созандагӣ

20-уми марти соли равон дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон» бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ директори Муассиса Рузиев Муродалӣ Меҳмондустович кормандонро ба муносибати ҷашни Наврӯз самимона табрик намуда, ба онҳо саломатӣ, сарбаландӣ, файзу баракат ва комёбиҳои нав орзу намуд.

Наврӯз — рамзи баҳор ва эҳёи табиат

Наврӯзи хуҷастапай, ки аз ҷашнҳои қадимиву мардумии тоҷикон ба шумор меравад, таърихан Соли нави миллӣ буда, оғози баҳор, фасли кишту кор, эҳёи табиат ва файзу кушоишро таҷассум менамояд.

Ин иди мардумӣ асрҳо боз бо хушҳоливу фараҳ таҷлил гардида, дар он анъанаҳо, урфу одатҳо ва арзишҳои гаронбаҳои фарҳангии ниёгон инъикос меёбанд.

НАВРӮЗ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Рушди бесобиқаи Наврӯз ба давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омада, маҳз дар ҳамин давра мақому манзалати ин ҷашни бостонӣ боз ҳам баланд гардид, таъриху анъанаҳои он амиқан омӯхта шуда, Наврӯз ҳамчун рамзи сулҳ, дӯстӣ, ваҳдат ва инсондӯстӣ мақоми ҷаҳонӣ касб намуд.

Гӯшаи Наврӯзӣ

Бахшида ба ин ҷашни аҷдодӣ дар Пажӯҳишгоҳ гӯшаи махсуси Наврӯзӣ ташкил карда шуд.

Ҳафтсин ва ҳафтшин
Таомҳои миллӣ ва баҳорӣ
Сару либоси миллӣ ва гулдӯзиҳо
Асбобҳои мардумӣ ва зарфҳои қадима
Унсурҳои гуногуни фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ

Лаҳзаҳо аз чорабинии идона

❀ Наврӯз муборак! ❀

Бигзор Наврӯзи оламафрӯз ба ҳар хонадон сулҳу субот, тандурустӣ, файзу баракат ва комёбиҳои нав оварад.

```