10 июни соли 2026 дар шаҳри Москва маросими тантанавии ҷамъбаст ва қадрдонии ғолибони Озмуни умумироссиягии «100 таҷрибаи муваффақ дар соҳаи таҳкими саломатии ҷомеа – 2026» баргузор гардид.
Чорабинӣ дар Шуъбаи илмҳои тиббии Академияи илмҳои Россия бо иштироки олимони пешқадам, мутахассисон ва коршиносони соҳаи тандурустии ҷамъиятӣ баргузор шуд.
Ташкилкунандагони озмун Пажӯҳишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии ташкил ва иттилоотонии тандурустии Вазорати тандурустии Федератсияи Россия, Пажӯҳишгоҳи миллии илмӣ-тадқиқотии тандурустии ҷамъиятӣ ба номи Н.А. Семашко ва ташкилоти ғайритиҷоратии «Маркази миллии таҳкими саломатии ҷамъиятӣ «АРИОН»» буданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои озмун директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон», доктори илмҳои тиб Рузизода Муродалӣ Меҳмондӯстович барои лоиҳаи илмии «Мониторинги маҷмӯии манбаъҳои табиии сироятҳои арбовирусӣ ва омӯзиши генотипҳои арбовирусҳои дар Тоҷикистон гардишкунанда» бо дипломи дараҷаи III қадрдонӣ гардид.
Лоиҳа ба такмили низоми мониторинг ва назорати эпидемиологии сироятҳои арбовирусӣ, омӯзиши хусусиятҳои гардиши ангезандаҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани самаранокии чорабиниҳои пешгирикунанда равона шудааст.
Ҷоизаи бадастомада эътирофи сатҳи баланди таҳқиқоти илмии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашаванда буда, иқтидори назарраси илми ватаниро дар ҳалли масъалаҳои мубрами таъмини беҳдошти санитарию эпидемиологии аҳолӣ тасдиқ менамояд.