6 НОЯБР — РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ
6 НОЯБР — РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ
ТАБРИКОТНОМАИ ДИРЕКТОРИ МД «ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ ПРОФИЛАКТИКИИ ТОҶИКИСТОН»
Доктори илмҳои тиб, Рузизода Муродалӣ Меҳмондӯст
ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мақоми беназир дошта, заминаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро фароҳам овардааст. Ин санади тақдирсоз на танҳо меъёрҳои асосии сохтори давлатдорӣ ва муносибатҳои ҷамъиятиро муайян менамояд, балки ифодагари ормонҳои миллӣ, ҳадафҳои созандаи ҷомеа ва кафили ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихи кишвар, ки ҷомеа ба сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ ва эҳёи давлатдорӣ ниёзи бузург дошт, аҳаммияти махсуси таърихӣ касб намуд. Маҳз дар ҳамин марҳилаи сарнавиштсоз, бо роҳбарии хирадмандона ва иродаи қавии сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии таҳкими давлатдории миллӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва муттаҳид намудани ҷомеа дар атрофи ҳадафҳои умумимиллӣ гузошта шуданд.
Дар ин раванд, Конститутсия ҳамчун санади муттаҳидсозандаи ҷомеа ва кафили суботи сиёсиву иҷтимоӣ нақши муҳим бозида, барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, рушди ниҳодҳои демократӣ, таъмини волоияти қонун ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешрафти устувори кишвар заминаи боэътимод гардид. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, эҳтироми қонун ва ҳамдигарфаҳмии шаҳрвандӣ аз муҳимтарин омилҳои пешрафти давлат ва беҳбудии зиндагии мардум ба шумор мераванд.
Боиси таъкид аст, ки дар меҳвари сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инсон, ҳифзи ҳаёт ва саломатии ӯ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии шоиста қарор дорад. Ин равиши сиёсӣ бо моҳияти иҷтимоии Конститутсия ва принсипҳои асосии давлатдории миллӣ пайванди ногусастанӣ дошта, барои рушди соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва тарбияи насли солиму созанда заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ин замина, рушди соҳаи тандурустӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат аҳаммияти махсус дорад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо фароҳам омадани заминаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, таваҷҷуҳи пайвастаи Роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳифзи саломатии аҳолӣ, таҳкими низоми тандурустӣ, бунёду таҷдиди муассисаҳои тиббӣ, беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, рушди кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ҳифзи саломатии модару кӯдак, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, такмили иқтидори кадрӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобат равона гардидааст.
Махсусан, татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти пешгирии бемориҳо, ташаккули тарзи ҳаёти солим, беҳтар намудани фарҳанги тиббии аҳолӣ, тарғиби ғизои солим, баланд бардоштани фаъолнокии ҷисмонӣ ва коҳиш додани омилҳои хавфи бемориҳои ғайрисироятӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҳифзи сармояи инсонӣ ва таъмини рушди устувори ҷомеа маҳсуб меёбанд. Зеро саломатии миллат на танҳо арзиши олии иҷтимоӣ, балки омили муҳими иқтидори иқтисодӣ, амнияти миллӣ ва ояндаи неки давлат мебошад.
Дар партави ҳидоятҳо ва сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо — кормандони соҳаи тандурустиро зарур аст, ки рисолати касбии худро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба давлату миллат ва эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ иҷро намуда, дар ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо, баланд бардоштани маърифати тиббии шаҳрвандон ва ташаккули муҳити солиму бехатар саҳми арзандаи худро гузорем.
Бо ин мақсад, рушди минбаъдаи соҳаи тандурустӣ, таҳкими иқтидори муассисаҳои тиббӣ, густариши корҳои пешгирикунанда, ҷалби фаъоли ҷомеа ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бояд ҳамчун самтҳои муҳими фаъолияти муштараки тамоми сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як шаҳрванди кишвар идома ёбанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кормандони соҳаи тандурустӣ, шарикони рушд, ҳамкасбони гиромӣ ва дар симои онҳо тамоми сокинони сарбаланди Тоҷикистони азизро самимона табрик менамоям. Ба ҳар яки Шумо саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда, саодати оилавӣ, неруи созанда, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва дар фаъолияти пуршарафи касбӣ муваффақиятҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Бигзор Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ, кафили сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва адолати иҷтимоӣ ҳамеша роҳнамои зиндагиву фаъолияти мо бошад. Орзумандам, ки дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам ободу пешрафта гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум ва нишондиҳандаҳои саломатии аҳолӣ пайваста беҳтар шаванд.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Бо эҳтиром,
Директори Муассисаи давлатии
«Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон»
доктори илмҳои тиб,
Рузизода М.М.