Гузариш ба мундариҷа
☎ (+992 37) 221-56-05 ✉ tajikprofmed@mail.ru ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 61
ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ ПРОФИЛАКТИКИИ ТОҶИКИСТОН»
ИЛМ · ПЕШГИРӢ · ҶОМЕАИ СОЛИМ
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабар Вчера, 12:33

Рузизода Муродалӣ Меҳмондӯст


Рузиев Муродалӣ Меҳмондӯстович
Рузиев Муродалӣ Меҳмондӯстович
Директор, доктори илмҳои тиб, профессор
Маълумоти умумӣ
Рузиев Муродалӣ Меҳмондӯстович соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.
Таҳсилот
Баъди хатми мактаби миёнаи №14-и шаҳри Душанбе ба факултети тиббии профилактикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 2000 онро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
2000–2003 — духтури бемориҳои касбии Клиникаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон.
2003–2007 — дар Раёсати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввал ҳамчун сармутахассис, баъдан ҳамчун сардори Раёсат фаъолият намудааст.
2007–2014 — директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД.
Аз сентябри соли 2020 то инҷониб — директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон».
Дараҷаи илмӣ
Доктори илмҳои тиб, профессор.
Фаъолияти илмӣ ва роҳбарӣ
Дар самтҳои тибби профилактикӣ, тандурустии ҷамъиятӣ, назорати санитарию эпидемиологӣ ва ташкил намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаъолият менамояд. Ба рушди фаъолияти илмии муассиса, таҳияи барномаҳои профилактикӣ ва такмили низоми ҳифзи саломатии аҳолӣ мусоидат менамояд.