Гузариш ба мундариҷа
☎ (+992 37) 221-56-05 ✉ tajikprofmed@mail.ru ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 61
ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ ПРОФИЛАКТИКИИ ТОҶИКИСТОН»
ИЛМ · ПЕШГИРӢ · ҶОМЕАИ СОЛИМ
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабар Вчера, 13:37

Азимов Гурез Ҷалилович


Азимов Гурез Ҷалилович
Азимов Гурез Ҷалилович
Муовини директор оид ба илм, доктори илмҳои тиб, дотсент
Маълумоти умумӣ
7 майи соли 1960 дар деҳаи Кадучии Ҷамоати Пахтаободи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.
Таҳсилот
Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлобро хатм намуда, баъдан дар факултети санитарӣ-гигиении Донишкадаи якуми тиббии Москва ба номи И.М. Сеченов таҳсил кардааст. Соли 1985 донишгоҳро бо ихтисоси духтур-гигиенист-эпидемиолог хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
Солҳои 1985–1990 мудири шуъбаи гигиенаи меҳнати СЭС-и ноҳияи Восеъ; 1990–1991 сардухтури истгоҳи дезинфексионии ноҳияи Восеъ; 1991–1993 сардухтури истгоҳи дезинфексионии вилояти Кӯлоб; 1993–1996 роҳбари корхонаи хурди «Гигиена»; 1996–2004 сардухтури истгоҳи профилактикӣ-дезинфексионии шаҳри Душанбе; 2004–2006 сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе; 2006–2007 муовини сардухтури Маркази ҷумҳуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ; 2007–2009 роҳбари Раёсати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ; 2009–2014 директори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим; 2014–2016 директори генералии ҶСП «Шохамбари»; 2016–2018 мудири кафедраи эпидемиологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино; 2018–2021 директори Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор; 2021–2022 мудири кафедраи эпидемиологияи ДДТТ. Аз соли 2022 то инҷониб муовини директор оид ба илм дар МД «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон» мебошад.
Фаъолияти илмӣ
Соли 2006 рисолаи номзадӣ дар мавзӯи ҷанбаҳои санитарию гигиении истифодаи таҷҳизоти биогазӣ барои ҳифзи обанборҳои Тоҷикистонро ҳимоя намудааст. Соли 2018 рисолаи докториро дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ тавассути такмили истифодаи бехатари об дар Тоҷикистон ҳимоя кардааст. Доктори илмҳои тиб, дотсент.