Хабар
Вчера, 13:39
Ғафуров Пулод Хайруллоевич
Ғафуров Пулод Хайруллоевич
Муовини директор оид ба корҳои хоҷагӣ
Маълумоти умумӣ
30 августи соли 1989 дар ноҳияи Тоҷикобод таваллуд шудааст.
Таҳсилот
Солҳои 1996–2007 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и Ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод таҳсил намуда, мактабро бо баҳои аъло хатм кардааст. Солҳои 2007–2011 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, факултети «Молия ва қарз» таҳсил карда, ихтисоси иқтисодчиро гирифтааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
Солҳои 2010–2014 ҳамчун муҳосиби музди меҳнат дар Пажӯҳишгоҳ фаъолият кардааст. Солҳои 2014–2018 сармуҳосиби ҶДММ «Ҷозиба» буд. Солҳои 2018–2020 дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» ба ҳайси муовини директор оид ба корҳои хоҷагӣ ва иқтисодчӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2020 то инҷониб муовини директор оид ба корҳои хоҷагии МД «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон» мебошад.