Хабар
Вчера, 13:39
Аббосова Меҳринисо Абдухолиқовна
Аббосова Меҳринисо Абдухолиқовна
Сардори шуъбаи кадрҳо, корманди илмӣ
Маълумоти умумӣ
18 феврали соли 1985 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Таҳсилот
Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғараро бо ихтисоси ҳамшираи тиббӣ хатм намудааст. Соли 2007 ба факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2012 онро бо ихтисоси биолог хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
Фаъолияти меҳнатиро ҳамчун ҳамшираи тиббӣ оғоз намудааст. Аз соли 2008 дар Пажӯҳишгоҳ фаъолият намуда, аз моҳи апрели соли 2009 дар хадамоти кадрӣ кор мекунад. Айни замон сардори шуъбаи кадрҳо ва корманди илмӣ мебошад. Ҳамчунин дар Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ фаъолияти омӯзгорӣ дорад.
Фаъолияти ҷамъиятӣ
Дар фаъолияти иттифоқи касаба иштирок намуда, аз соли 2011 дар ташкилоти «Гиппократ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолият дорад.