Гузариш ба мундариҷа
☎ (+992 37) 221-56-05 ✉ tajikprofmed@mail.ru ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко, 61
ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «ПАЖӮҲИШГОҲИ ТИББИ ПРОФИЛАКТИКИИ ТОҶИКИСТОН»

ИЛМ · ПЕШГИРӢ · ҶОМЕАИ СОЛИМ

Рохбарият

Махмадюсуфзода Абдурасул Махмадюсуф ХАБАР
14-09-2026, 13:40 Пажӯҳишгоҳ

Махмадюсуфзода Абдурасул Махмадюсуф

 

Махмадюсуфзода Абдурасул Махмадюсуф
Сармуҳосиб
Маълумоти умумӣ
11 июни соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.
Таҳсилот
Соли 2004 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
Солҳои 2008–2009 ҳамчун иқтисодчӣ дар МД «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон» фаъолият намудааст. Аз соли 2009 то инҷониб сармуҳосиби муассиса мебошад.
Малакаҳои касбӣ
Корбари ботаҷрибаи MS Office (Word, Excel, PowerPoint), интернет ва почтаи электронӣ. Дорои сертификатҳои TFMis ва SGB.NET мебошад.
Донистани забонҳо
Забони тоҷикӣ — аъло. Забони русӣ — аъло.
Фаъолияти илмӣ
Ҳаммуаллифи ду мақолаи илмии нашршуда дар маҷаллаҳои байналмилалӣ мебошад.

 

Аббосова Меҳринисо Абдухолиқовна ХАБАР
14-09-2026, 13:39 Пажӯҳишгоҳ

Аббосова Меҳринисо Абдухолиқовна


Аббосова Меҳринисо Абдухолиқовна
Аббосова Меҳринисо Абдухолиқовна
Сардори шуъбаи кадрҳо, корманди илмӣ
Маълумоти умумӣ
18 феврали соли 1985 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Таҳсилот
Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғараро бо ихтисоси ҳамшираи тиббӣ хатм намудааст. Соли 2007 ба факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2012 онро бо ихтисоси биолог хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
Фаъолияти меҳнатиро ҳамчун ҳамшираи тиббӣ оғоз намудааст. Аз соли 2008 дар Пажӯҳишгоҳ фаъолият намуда, аз моҳи апрели соли 2009 дар хадамоти кадрӣ кор мекунад. Айни замон сардори шуъбаи кадрҳо ва корманди илмӣ мебошад. Ҳамчунин дар Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ фаъолияти омӯзгорӣ дорад.
Фаъолияти ҷамъиятӣ
Дар фаъолияти иттифоқи касаба иштирок намуда, аз соли 2011 дар ташкилоти «Гиппократ»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолият дорад.



Ғафуров Пулод Хайруллоевич ХАБАР
14-09-2026, 13:39 Пажӯҳишгоҳ

Ғафуров Пулод Хайруллоевич


Ғафуров Пулод Хайруллоевич
Ғафуров Пулод Хайруллоевич
Муовини директор оид ба корҳои хоҷагӣ
Маълумоти умумӣ
30 августи соли 1989 дар ноҳияи Тоҷикобод таваллуд шудааст.
Таҳсилот
Солҳои 1996–2007 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и Ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод таҳсил намуда, мактабро бо баҳои аъло хатм кардааст. Солҳои 2007–2011 дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, факултети «Молия ва қарз» таҳсил карда, ихтисоси иқтисодчиро гирифтааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
Солҳои 2010–2014 ҳамчун муҳосиби музди меҳнат дар Пажӯҳишгоҳ фаъолият кардааст. Солҳои 2014–2018 сармуҳосиби ҶДММ «Ҷозиба» буд. Солҳои 2018–2020 дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» ба ҳайси муовини директор оид ба корҳои хоҷагӣ ва иқтисодчӣ фаъолият намудааст. Аз соли 2020 то инҷониб муовини директор оид ба корҳои хоҷагии МД «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон» мебошад.



Азимов Гурез Ҷалилович ХАБАР
14-09-2026, 13:37 Пажӯҳишгоҳ

Азимов Гурез Ҷалилович


Азимов Гурез Ҷалилович
Азимов Гурез Ҷалилович
Муовини директор оид ба илм, доктори илмҳои тиб, дотсент
Маълумоти умумӣ
7 майи соли 1960 дар деҳаи Кадучии Ҷамоати Пахтаободи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.
Таҳсилот
Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлобро хатм намуда, баъдан дар факултети санитарӣ-гигиении Донишкадаи якуми тиббии Москва ба номи И.М. Сеченов таҳсил кардааст. Соли 1985 донишгоҳро бо ихтисоси духтур-гигиенист-эпидемиолог хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
Солҳои 1985–1990 мудири шуъбаи гигиенаи меҳнати СЭС-и ноҳияи Восеъ; 1990–1991 сардухтури истгоҳи дезинфексионии ноҳияи Восеъ; 1991–1993 сардухтури истгоҳи дезинфексионии вилояти Кӯлоб; 1993–1996 роҳбари корхонаи хурди «Гигиена»; 1996–2004 сардухтури истгоҳи профилактикӣ-дезинфексионии шаҳри Душанбе; 2004–2006 сардухтури Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе; 2006–2007 муовини сардухтури Маркази ҷумҳуриявии назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ; 2007–2009 роҳбари Раёсати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ; 2009–2014 директори Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим; 2014–2016 директори генералии ҶСП «Шохамбари»; 2016–2018 мудири кафедраи эпидемиологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино; 2018–2021 директори Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор; 2021–2022 мудири кафедраи эпидемиологияи ДДТТ. Аз соли 2022 то инҷониб муовини директор оид ба илм дар МД «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон» мебошад.
Фаъолияти илмӣ
Соли 2006 рисолаи номзадӣ дар мавзӯи ҷанбаҳои санитарию гигиении истифодаи таҷҳизоти биогазӣ барои ҳифзи обанборҳои Тоҷикистонро ҳимоя намудааст. Соли 2018 рисолаи докториро дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ тавассути такмили истифодаи бехатари об дар Тоҷикистон ҳимоя кардааст. Доктори илмҳои тиб, дотсент.



Рузизода Муродалӣ Меҳмондӯст ХАБАР
14-09-2026, 12:33 Пажӯҳишгоҳ

Рузизода Муродалӣ Меҳмондӯст


Рузиев Муродалӣ Меҳмондӯстович
Рузиев Муродалӣ Меҳмондӯстович
Директор, доктори илмҳои тиб, профессор
Маълумоти умумӣ
Рузиев Муродалӣ Меҳмондӯстович соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.
Таҳсилот
Баъди хатми мактаби миёнаи №14-и шаҳри Душанбе ба факултети тиббии профилактикии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, соли 2000 онро хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатӣ
2000–2003 — духтури бемориҳои касбии Клиникаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон.
2003–2007 — дар Раёсати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввал ҳамчун сармутахассис, баъдан ҳамчун сардори Раёсат фаъолият намудааст.
2007–2014 — директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД.
Аз сентябри соли 2020 то инҷониб — директори Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии Тоҷикистон».
Дараҷаи илмӣ
Доктори илмҳои тиб, профессор.
Фаъолияти илмӣ ва роҳбарӣ
Дар самтҳои тибби профилактикӣ, тандурустии ҷамъиятӣ, назорати санитарию эпидемиологӣ ва ташкил намудани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаъолият менамояд. Ба рушди фаъолияти илмии муассиса, таҳияи барномаҳои профилактикӣ ва такмили низоми ҳифзи саломатии аҳолӣ мусоидат менамояд.